14 Апрел 2020 - 16:45
Ройзании Зариф бо вазирони хориҷаи Туркия ва Қатар дар бораи буҳрони сиёсии Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазирони умури хориҷаи Туркия ва Қатар, дар бораи охирин таҳаввулоти буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон ройзанӣ кард.

(ABNA24.com) Ба гузориши Идораи кулли иттилорасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон субҳи имрӯз (душанбе) дар гуфтугӯҳои телефонии ҷудогона бо Мавлуд Човуш Ӯғлу, вазири умури хориҷаи Туркия ва Шайх Муҳаммад ибн Абдурраҳмон Ол Сонӣ, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар дар хусуси охирин таҳаввулоти Афғонистон ва раванди сулҳ дар ин кишвар табодул назар кард.

Охирин вазъияти шуюи корона дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҷамъии муқобила бо он, низ аз дигари мавзӯоти мавриди гуфтугӯ дар ин тамосҳои телефонӣ буд.

Зарифи рӯзи гузашта (якшанбе) низ бо Ҳаниф Атмар, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон ба сурати телефонӣ, гуфтугӯ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯ бар лузуми ваҳдат дар байни гурӯҳҳои мухталифи Афғонистон, барқарории сулҳ ва субот дар ин кишвар ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

342/